Дар бораи мо
Китоби Муқаддаси масеҳиён ба воситаи таърих ва нубувватҳо ба мо муроҷиат мекунад. Ин Китоб дар бораи он нақл мекунад, ки пеш чӣ буд ва ба зудӣ чӣ рух хоҳад дод. Дар як нубуввати аҷиб мо метавонем дар бораи паёми охирини огоҳӣ пеш аз нест шудани ин ҷаҳон мутолиа намоем.
Ин огоҳӣ, ки дар Паёми се фаришта аз китоби Ваҳй 14 ташреҳ мешавад, аз се қисм иборат аст. Хеле муҳим аст, то ҳар кадом се паёми фариштагонро тамоми ҷаҳон бишнавад.
Фариштаи якум ба Худо Офаридгори осмону замин ва баҳр саҷда карданро ба мо амр мефармояд. Мо бояд ба Офаридгор саҷда кунем, зеро соати доварии Ӯ фаро расидааст. Фариштаи якум ба мо дар бораи чӣ тавр шинохтани ин Худо ва омода шудан ба он, то дар доварӣ истодагарӣ намоем, сухан мегӯяд.
Фариштаи дуюм моро аз муртадии динӣ дар охири замон огоҳ мекунад. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки мо бояд аз системаҳои диние, ки Худои Офаридгор ва Каломи додашудаи Ӯро эҳтиром намекунанд, «берун оем».
Фариштаи сеюм моро огоҳ мекунад, ки шайтон ба воситаи системаи муртади динӣ амал мекунад, то ҳамлаи охиринро ба муқобили Худои Офаридгор ва қавми Ӯ ба роҳ монад. Онҳое, ки ба шайтон пайравӣ мекунанд, «тамғаи» ҳайвони ваҳширо қабул мекунанд ва онҳое, ки ба Худо содиқ мемонанд, таъқиб карда мешаванд. Вале Худо доварии Худро бар сари касоне, ки ин тамғаи мудҳишро доранд, фурӯ мерезад. Вале қавми Худо, ки ба Исо имон дорад ва ба Худо итоат мекунад, ҳангоми фалокатҳои ҷиддии харобиовар, ки сайёраи нестшаванда бо онҳо дучор мегардад, наҷот дода мешавад. Вай ҳамроҳ бо Худо ба Осмон сууд мекунад ва он чиро мушоҳида хоҳад кард, ки Худованд ҷаҳонро дар камоли ибтидоияш чӣ тавр аз нав меофарад.
Ба варақаи иттилоотии мо обуна шавед
Аз пайдошавии маводи нави нашршуда аввалин шуда огоҳ шавед!
Аудиторияи худро пайдо кунед
Маводи нашршудаи мунтахаб
© 2023 Sharing Hope Publications