
Чӣ тавр мустақилона фикр кунем
Хулоса
Пайғамбарони Худо дар бораи пайдошавии неруи хатарноки диние, ки онро шартан ҳамчун "Бобил" нишон медоданд, пешгӯйӣ карда буданд. Мувофиқи ин нубувват, қудрати мазкур барои бо роҳи маҷбурӣ ва фиреб саҷдаи бардурӯғро зӯран ба гардани мо бор кардан талош хоҳад кард. Барои худро дар амният эҳсос кардан, моро зарур аст, ки мувофиқи ақли худ амал кунем ва ба иродаи ошкорои дар Китоби Муқаддас баёнёфтаи Худо итоат намоем. Дар ин китобча дар он хусус нақл карда мешавад, ки барои дар замони буҳрони умумиҷаҳонӣ пайдо кардани ҳикмат ва хирадмандӣ хиради худро чӣ тавр қавӣ гардонем.
Навъ
Tract
Ношир
Sharing Hope Publications
Дастрас аст дар
43 Забонҳо
Саҳифаҳо
6
Мо баъди роҳравии дуру дароз навакак ба қуллаи Гунунг Датук расидем. Ман бо дӯсти нави худ Адзак рӯйи санге нишастем, то аз тамошои манзара ҳаловат барем. Дере нагузашта суҳбати мо ба мавзуи динӣ гузашт.
— Ман инсони озодфикрам, — гуфт Адзак. — Ман нисбати ҷаҳон нуқтаи назари худамро дорам.
— Ҳа бале, — ҷавоб додам ман. — Ман шунидаам, ки бисёр ҷавонон дар Малайзия худро озодфикр мешуморанд.
Адзак ханда кард. —Мо бояд худамон андеша кунем. Дар акси ҳол печдарпечии ниҳоят зиёд хоҳад буд. Аз ин ба осонӣ аз ақл бегона шудан мумкин аст.
— Вале чи мешавад, вақте ту ба хона бармегардӣ? — Пурсидам ман. — Дар ин ҷо, дар Малайзия, бисёр ҷавонон худро озодфикр меноманд, вале дар хона аз шумо иштирокро дар маросимҳои исломӣ ва буддоӣ интизоранд. Ту ба волидайни худ чӣ мегӯйӣ?
— Ман ба онҳо ҳеҷ чиз намегӯям, — ҷавоб дод Адзак. — Ман бо он чизе ки онҳо мегӯянд, розӣ мешавам. Ман озодона фикр карда метавонам, вале ин фикрҳоро бояд дар сари худ нигоҳ дорам.
Оё озодфикрӣ ин қадар муҳим аст?
Дар баъзе минтақаҳои кӯраи замин ақидаҳои нодуруст метавонанд сабаби азиятҳо ва таъқиботи ҷамъиятӣ, сабукдуш кардан аз кор ё ҳатто куштор гарданд. Мустақилона фикр кардан метавонад хатарнок бошад. Вале оё ин хеле муҳим аст?
Дар ҷаҳони мо ақидаҳои зиёди хуб ва бад вуҷуд дорад. Вале як усули муҳим ҳаст, ки дар фарқ кардани чизҳои хуб аз бад ёрӣ мерасонад, — мо бояд дар бораи ин чизҳо сухан гӯем ва фикр кунем. Агар шумо ягон чизи гаронбаҳое мехаред, масалан, тилло, заъфарон ё iPhone, охир шумо на танҳо маблағ пардохт мекунед ва молро ба хона мебаред. Шумо қаблан онро бо маҳсулоти рақибон муқоиса мекунед, то мутмаин шавед, ки шумо дар ҳақиқат моли сифаташ беҳтаринро мехаред. Ба ақидаҳо ҳам ҳамин тавр муносибат кардан лозим аст.
Дар ҷаҳон хеле зиёданд бесарусомониҳое, ки танҳо шиддат меёбанд, вақте одамон кӯшиш мекунанд ақидаҳои печдарпечи худро маҷбуран ба ҷомеа талқин намоянд. Иҷозат диҳед ба шумо дар бораи як нубуввати муҳим нақл кунам. Дар китоби қадимае бо номи «Ваҳйи Исои Масеҳ» як нубувват дар бораи одамоне нақл мекунад, ки кӯшиш доранд ақидаҳои динии печдарпечи худро зӯран ба дигарон талқин намоянд. Гуфта шудааст: «Бобил, шаҳри бузург, фурӯ ғалтид, фурӯ ғалтид, чунки ҳамаи халқҳоро аз шароби пурғазаби зинокории худ нӯшонид» (Ваҳй, 14:8).
Ин суханони рамзиро фаҳмидан он қадар мушкил нест. Бобил шаҳри машҳури қадима буд, вале номи он маънои «печдарпечӣ», «бесарусомонӣ» -ро дорад. Ин шаҳр на аз барои он «фурӯ ғалтид», ки гумроҳ гашт, балки аз барои он ки аз бесарусомонӣ ва бетартибии худ даст кашидан намехоҳад. Вай халқҳоро фиреб дода, онҳоро ба пайвастан ба зинои рӯҳонии худ, яъне бо омехта намудани саҷдаи бардурӯғ ва ҳақиқӣ ба хиёнат кардан ба Худо талқин мекунад. Ин ақидаҳои бардурӯғ ба сифати меъёр пазируфта ва аз ҷониби одамон қабул карда мешаванд. Ин нубувват дар бораи «Бобил» ба ҷавҳари руҳонияти умумиҷаҳоние марбут аст, ки на танҳо гумроҳии руҳониро ба меъёр медарорад, балки дар ниҳояти кор кӯшиш мекунад онро ба одамоне, ки ба ҳақиқат пайрави мекунанд, зӯран талқин намояд.
Ваҳйи Исои Масеҳ пешгӯйӣ кард, ки ин дар айёми мо рӯй хоҳад дод. Эҳтимол, шумо аллакай дидаед, ки ин чӣ тавр рӯй медиҳад. Эҳтимол, дар атрофи шумо одамоне ҳастанд, ки Худоро бо ёрии ақидаҳои бардурӯғ муаррифӣ мекунанд? Оё шумо ягон вақт бо виҷдони худ носозӣ доштед?
Ва маҳз аз ҳамин сабаб мустақилона фикр кардан ин қадар муҳим аст.
Чӣ тавр мустақилона фикр кунем
Аксари одамон аз пайравӣ ба дине, ки дар ҷомеа қабул гаштааст, розиянд. Онҳо дар бораи ақидаҳои худ он қадар ҳам фикр намекунанд. Онҳо ба анъанаҳои диние, ки маънӣ надоранд ё аз фоида дида, зарари бештар мерасонанд, пайравӣ мекунанд. Баъзан ҳатто пешвоёни дин, ки роҳро сӯйи Худо ба мо нишон медиҳанд, худашон ғарқи шарорат ва таназзули ахлоқӣ мешаванд.
Пас чӣ тавр мо метавонем ҳақиқатро пайдо намоем? Ман ба пайғамбарон итминон карданро тавсия медиҳам. Барои чӣ? Се сабаб вуҷуд дорад:
Пайғамбарон дониши ҳайратангези ояндаро зоҳир месозанд. Пайғамбар Дониёл иртифоъи Аврупоро то мавқеи таърихии мустамликадори ҷаҳон будани он пешгӯйӣ карда буд. Исои Масеҳ харобшавии Ерусалимро дар соли 70-уми мелод пешгӯйӣ карда буд. Пайғамбар Мусо таърихи Исмоилро то охири замон пешгӯйӣ кардааст.
Пайғамбарон донишҳои ҳайратангези илмиро дар соҳаи тандурустӣ нишон медиҳанд. Масалан пайғамбар Мусо, ки тахминан 3500 сол пеш зиндагӣ карда буд, принсипҳои амали карантин, тозакунии беҳдоштии ахлот, инчунин принсипҳои тамизкуниро фаҳмонд. Ӯ ҳамаи чорпоёнро ба пок ва нопок ҷудо кард. Ӯ инчунин ҳангоми истеъмоли гӯшти ҳайвони пок нахӯрдани хун ё чарбуро ба мо амр фармуд. Ҳатто имрӯз нафароне, ки қонунҳои парҳезӣ ва санитарии ӯро риоя мекунанд, назар ба аҳолӣ дар маҷмуъ 15 сол зиёдтар умр мебинанд.
Худо дуои имондоронеро, ки ба Ӯ эътимод ва ба пайғамбарони Ӯ бовар доранд, мустаҷоб мегардонад.
Навиштаҳои Пайғамбарон саршор аз панд ҳастанд, вале барои аз онҳо суд бардоштан, мо бояд бо назари танқид андеша карданро биомӯзем, ақидаҳои худро биозмоем ва шаҳодатҳои имони худро бисанҷем. Тафаккур — қисмати муҳими дини ҳақиқист.
Чӣ рух медиҳад, вақте мо гумроҳиро таҳқиқ мекунем? Дар аввал он метавонад ба назари мо ҳақиқат намояд. Вале ба андозаи ҷустуҷӯйи далел, мо мушкилии ин нуқтаи назарро ошкор месозем.
Аммо дар ошкор сохтани ҳақиқат ҳамааш баръакс аст. Ҳатто таҳқиқи дақиқона ба ҳеҷ ваҷҳ ба он зарар намерасонад. Ҳар қадаре ки мо онро таҳқиқ намоем, ҳамон қадар ба ҳақиқӣ будани он итминон ҳосил мекунем.
Имондорон бояд хирадмандтарин одамони ҷаҳон бошанд, зеро Худо моро бо роҳи ҳикмат ҳидоят мекунад. Агар шумо дар вазъияте қарор гирифтаед, ки ба шумо озодона фикр кардан, ба шумо суол доданро иҷозат намедиҳанд, пас чунин вазъият аз ҷониби Худо нест. Ӯ моро ба таҳқиқи дақиқона даъват мекунад, зеро ҳақиқат ба қадри кофӣ қавӣ аст, то ба ҳама гуна санҷиш тоб оварад. Аммо Бобил дар навбати худ моро бо васвасаҳои худ фиреб медиҳад ва кӯшиш мекунад моро дар онҳо нигоҳ дошта, ба изофаи талошҳои зеҳнӣ монеъ шавад.
Агар шумо он қадар гумроҳ шудаед, ки ба назаратон чунин менамояд, ки шумо дар Бобил қарор доред, аз он берун бароед! Дар роҳи ҳикмати Худо қоим шавед. Худатон фикр кунед ва суолҳои миёншикан диҳед. Шумо ноумед нахоҳед шуд.
Оё мехоҳед дар бораи Ваҳйи Исои Масеҳ маълумоти бештар пайдо кунед? Тавассути воситаҳои алоқа, ки дар тарафи чапи буклет нишон дода шудаанд, бо мо дар тамос шавед.
Copyright © Маводи мазкур бо мақсадҳои ғайритиҷорати бе иҷозат метавонад нашр ва паҳн шавад.Оятҳо аз тарҷумаи нашри Институти тарҷумаи Китоби Муқаддас, Стокголм 1999 оварда шудаанд.
Ба варақаи иттилоотии мо обуна шавед
Аз пайдошавии маводи нави нашршуда аввалин шуда огоҳ шавед!

Аудиторияи худро пайдо кунед
Маводи нашршудаи мунтахаб
© 2023 Sharing Hope Publications