
Оё ба шумо муъҷиза лозим аст?
Хулоса
Худо барои қавми Худ ҳамеша он замоне муъҷиза меофарид, ки вай бештар аз ҳама ба он ниёз дошт. Китоби Муқаддас нақлҳои зиёдро дар бораи нубувватҳои иҷрогардида, одамони шифоёфта ва ҳодисаҳои аз ақл беруне, ки танҳо дар ҷавоб ба дуо рӯй додаанд, дар бар мегирад. Дар ин китобча дар бораи баъзе сабабҳое, ки мо аз рӯйи онҳо метавонем ба Китоби Муқаддас чун ба Каломи тағйирнопазири Худо бовар кунем ва инчунин чӣ тавр муъҷизаи худро бо Худо аз сар гузаронем, нақл карда мешавад.
Навъ
Tract
Ношир
Sharing Hope Publications
Дастрас аст дар
43 Забонҳо
Саҳифаҳо
6
Боре, шумораи зиёди оилаҳо, ки бо ҳам робитаи хешовандӣ доштанд, тасмим гирифтанд бо умеди зиндагии беҳтар ба кишвари дигар муҳоҷират намоянд. Ҳангоми сафар онҳо бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуданд; биёбони бузургро пиёда тай кардан лозим омад. Онҳоро бо морҳо, каждумҳо ва гармии сахт дучор омаданд. Агар аъзои бемор ё заифи оила аз корвон қафо мемонданд, роҳзанҳо ба онҳо ҳамла меоварданд.
Дере нагузашта ғизои онҳо тамом шуд, вале пешвои онҳо ба Худо дуо гуфта, аз Ӯ муъҷиза илтиҷо кард. Вақте одамон субҳи рӯзи дигар аз хоб бедор шуданд, пораҳои хурди як чизи ба нон монандро, ки тамоми атрофро пӯшонида буд, диданд. Ин ғизо мазаи аҷиб дошт ва вафлии асалдорро ба хотир меовард. Ин ғизо ба ҳама мерасид. Ҳеҷ кас гурусна намонд. Ба онҳо рӯзҳои зиёд лозим буд, то биёбонро тай кунанд ва ин нон ҳар рӯз аз осмон ба замин мерехт. Худоро ҷалолу шавкат бод, акнун онҳо наҷот дода шуданд!
Тамоми ин саргузашт метавонад ба назар аз ақл берун намояд, вале он дар ҳақиқат рӯй додааст. Ин танҳо яке аз он муъҷизоти зиёди дар Китоби Муқаддас, ки мумкин аст ба шумо ҳамчун Таврот, Забур ва Инҷил маълум бошад, тасвир ёфтааст. Китоби Муқаддас садҳо саргузашти воқеиро дар бар мегирад ва бисёре аз онҳо бар муъҷизоте, ки Худо дар зиндагии одамон офаридааст, асос ёфтаанд. Ин китоби барои замони мо муҳим аст, зеро теъдоди зиёди одамон имрӯз ба муъҷизаи худ ниёз доранд.
Муъҷизоти имрӯза
Солҳои охир мо шоҳиди ҷангҳои шаҳрвандӣ, инқилобҳо, сактаи иқтисодӣ, бекорӣ, бемориҳои сироятӣ ва маргҳои зиёд будем. Ман намедонам, ки имрӯз шумо дар кадом вазъият афтодаед. Шояд, шуморо лозим омад хонаи худро тарк кунед ва ба хотири наҷот додани оилаи худ фирор намоед. Шояд, шахси дӯстдоштаи шумо дар вазъияти хатарнок афтода, барои ҳаёти худ сахт мубориза мебарад. Шояд, барои шумо кор ёфтан мушкил аст.
Вазъияти шумо чӣ гунае ки набошад, Худо нисбати шумо ғамхорӣ зоҳир мекунад ва тайёр аст мисли замонҳои қадим, имрӯз барои шумо муъҷиза биофарад. Вақте шумо ғамгин ҳастед, метавонед аз мутолиаи Китоби Муқаддас, китоби муъҷизаҳо, дастгирӣ пайдо кунед.
Каломи Худо барои замони мо
Баъзе одамон ҷуръат намекунанд Китоби Муқаддасро мутолиа намоянд, зеро шунидаанд, ки онро ба тариқе тағйир додаанд. Шояд, ин гумроҳӣ бо тарзи ҳаёти одамони зиёде робита дошта бошад, ки ба Китоби Муқаддас пайравӣ кардани худро таъйид мекунанд. Баъзан мо мебинем, ки чӣ гуна масеҳиён машруботи спиртӣ менӯшанд, қиморбозӣ мекунанд, либоси бокарруфар мепӯшанд, гӯшти хукро истеъмол менамоянд ва бо дигарон бад рафтор мекунанд.
Дар асл Китоби Муқаддас ҳамаи ин кирдорҳоро мазаммат мекунад. Вақте масеҳиён дар беитоатӣ ба Худо зиндагӣ мекунанд, ин муассирии Каломи Ӯро тағйир намедиҳад. Пайғамбар Ишаъё навиштааст: «Алаф хушк мешавад, гул пажмурда мегардад, вале каломи Худои мо то абад қоим хоҳад буд» (Ишаъё 40:8). Оё ба назари шумо чунин менамояд, ки одамон ба қадри кофӣ неруманданд, то Каломи Худоро дигар кунанд, ё эҳтимоли қавӣ дорад, ки онҳо бо рафтори бади худ онро нодуруст муаррифӣ мекунанд?
Дар Китоби Муқаддас нақл карда мешавад, ки чӣ гуна пайғамбар Довуд бо одамони худ сандуқи калони аҳдро, ки бо тилло рӯйпӯш шуда буд ва дар дохили он Даҳ аҳком нигоҳ дошта мешуд, бардошта мебурд. Даҳ аҳком шариати Худо, шариати ҳаёти ахлоқиро муаррифӣ мекарданд. Даҳ аҳком бар ду лавҳаи калони сангин навишта ва дар дохили сандуқи тиллоӣ ҷойгир шуда буданд. Яке аз ин одамон ҷуръат намуд даст дароз кунад ва сандуқро бидорад — ва дарҳол мурда ба замин афтод.
Агар Худо ба ин марди ниҳоят худбовар ба ашёи муқаддас, ки дар дохили он Каломи Ӯ нигоҳ дошта мешуд, иҷозати даст расониданро надод, алалхусус Ӯ ба одамони бадкирдор иҷозати бо қайчӣ ва тасҳеҳ ба Каломи китобатшудаи Худ наздик шуданро намедод, ҳамин тавр не магар? Худо ба қадри кофӣ бузург аст, то аз Каломи Худ дифоъ кунад.
Агар холисона гап занем, Китоби Муқаддас — ин китоби дар таърихи башарият аз ҳама бештар санҷидашуда аст. Чанде пеш се чӯпони бодиягард — Муҳаммад ад-Дхиб, Ҷумъа Муҳаммад ва Халил Мусо — дастнависҳои Баҳри мурдаро тасодуфан дар Фаластин пайдо карданд. Ин бозёфти калони бостоншиносӣ буд, ки ба мо имкон дод Китоби Муқаддаси имрӯзаро бо дастнависҳои қадимаи Китоби Муқаддас, ки таърихи 2000-сола доранд, муқоиса намоем. Дар баробари ин шабоҳати оятҳо ҳайратангез буд ва ин бори дигар ба он ишора мекард, ки ваҳйи Худоро тағйир додан номумкин аст. Агар ба шумо мӯъҷиза лозим бошад, пас метавонед мутмаин бошед, ки Китоби Муқаддас лоиқи эътимод аст. Дар он шумо саргузаштҳои волибро дар бораи чунин пайғамбарон, ба мисли Нуҳ, Иброҳим, Юсуф, Юнус, Дониёл, Давид ва Сулаймон пайдо мекунед. Эҳтимол, шумо дар бораи онҳо аз маъхазҳои дигар хабар доред, вале дар Китоби Муқаддас ҳама чиз аз аввал то охир нақл карда мешавад!
Муъҷизаи худро аз сар гузаронед
Шумо имрӯз чӣ гуна буҳронеро, ки аз сар нагузаронед, дар Китоби Муқаддас нақле ҳаст дар боби муъҷиза махсус барои шумо:
Эҳтимол, имрӯз шумо ё нафаре аз наздикони шумо бемор аст. Дар бораи шифоёбии муъҷизаосои Наамон, сарлашкари Арам, ки ба бемории махав гирифтор буд, бихонед.
Шумо дар талоши барои оилаи худ ғизо пайдо кардан беҳолу бемадор мешавед. Дар бораи бевазани Лубнонӣ ва писари ӯ, ки ба як кӯзаи хурди равған ва як каф орд, ки тамом нашуданд, тоқат карда, қаҳтии дуру дарозро аз сар гузарониданд, мутолиа намоед.
Ҳаёти шумо зери хатар қарор дорад? Дар бораи Абдумалики ғуломи ҳабашӣ аз қасри подшоҳ, ки дар вақти ҷанг ба шарофати имони худ ба Худо наҷот ёфт, бихонед.
Шумо худро радди мардум ҳис мекунед? Дар бораи Ҳоҷар, зани мисрӣ, ки дар ҳоли аз ҷониби одамон рад гардидан, муъҷизаи Худоро дид, мутолиа намоед.
Амвоҷи баҳри зиндагӣ бар шумо туғён мезанад? Дар бораи он бихонед, ки чӣ тавр Исои Масеҳ даст дароз карда баҳри туғёнзанандаро ором намуд, то шогирдони Худро аз ҳалокати киштӣ наҷот диҳад.
Ҷавобҳои аҷиб
Вақте Китоби Муқаддасро мутолиа мекунем, мо ба он боварӣ ҳосил менамоем, ки дар қалби худ интизории мусбат дошта, метавонем дуо гӯем. Исои Масеҳ гуфтааст: «Ҳар он чи дар дуо бо имон талаб кунед, хоҳед ёфт» (Матто 21:22). Вақте мо саргузашти одамонеро мехонем, ки дар зиндагии худ муъҷизаи Худовандро дидаанд, қалбҳои мо аз умед лабрез мегардад, ки мо ҳам метавонем арзу ниёзи худро ба даргоҳи Худо бифиристем.
Оё ба шумо мӯъҷиза лозим аст? Аз муъҷизоти дар Китоби Муқаддас тасвирёфта илҳом бигиред ва Худоро илтиҷо кунед, то дар зиндагии шахсии шумо муъҷиза нишон диҳад. Ӯ дуои шуморо имрӯз ҳатман хоҳад шунид!
Агар шумо мехоҳед дар бораи муъҷизот дар Китоби Муқаддас бештар бидонед, тавассути воситаҳои алоқа, ки дар тарафи чапи буклет нишон дода шудаанд, бо мо тамос бигиред.
Copyright © Маводи мазкур бо мақсадҳои ғайритиҷорати бе иҷозат метавонад нашр ва паҳн шавад.Оятҳо аз тарҷумаи нашри Институти тарҷумаи Китоби Муқаддас, Стокголм 1999 оварда шудаанд.
Ба варақаи иттилоотии мо обуна шавед
Аз пайдошавии маводи нави нашршуда аввалин шуда огоҳ шавед!

Аудиторияи худро пайдо кунед
Маводи нашршудаи мунтахаб
© 2023 Sharing Hope Publications