Истироҳат дар ҷаҳони ноором

Истироҳат дар ҷаҳони ноором

Хулоса

Бисёриҳо ба сабаби стресс ва кори аз ҳад зиёд бармаҳал мемиранд. Вале Худо ҳанӯз ҳангоми офариниши Замин воситаи табобати стрессро муайян кард: рӯзи оромиро. Ин рӯзи муқаддас ҳамчун баракат андешида шуда буд, то одамон тавонанд аз кори худ истироҳат кунанд ва вақтро бо Худо гузаронанд. Мутаассифона, сарфи назар аз он ки Худо ба одамон дар хотир нигоҳ доштани онро амр фармуд, аксарияти одамон ин рӯзи махсусро фаромӯш карданд ва ҳатто одамони зиёд Офаридгореро, ки онро ба онҳо ато намуд, аз ёд бароварданд.

Навъ

Tract

Ношир

Sharing Hope Publications

Дастрас аст дар

43 Забонҳо

Саҳифаҳо

6

Зеркашӣ кардан

Мита Дюран мурда ёфт шуд. Копирайтери боғайрати 24-солаи индонезиягӣ банохост рӯйи мизи худ афтид. Чӣ ҳодиса рух дод? 

Мита дар агентии реклама, ки талабот баланду сарборӣ аз ҳад зиёд буд, кор мекард. Чанде пеш аз марги худ ӯ дар шабакаи иҷтимоӣ шарҳе гузошт, дар бораи он ки худро сахт хаста ҳис мекунад: «Ин рӯзи ҳашт аст, ки ман калиди утоқи кориамро бо худ мегирам... Ман зиндагӣ надорам.»

Ӯ аксар вақт нӯшокии нерубахши кофеиндорри Krating Daeng, нӯшокии ҳамшабеҳи осиёии Red Bull-ро истеъмол мекард. Шарҳи охирини ӯ дар шабака чунин буд: «30 соат аст, ки беист кор мекунам ва боз неруи зиёд дорам.» Дарҳол баъди ин сар ба рӯйи миз гузошт ва дигар бедор нашуд.

Чӣ ҳодиса рух дод? Мита аз хастагии аз ҳад зиёд фавтид.

Имрӯз аксарияти мо реҷаи кории ниҳоят вазнину шадид дорем. Ҷомеа моро водор месозад бештар кор кунем, бештар маблағ ба даст биёрем ва бештар харид кунем. Мо стрессро эҳсос мекунем, аз бехобӣ ва харобии равонӣ азоб мекашем. 

Шояд, мо мисли Мита Дюран худро ба куштан намедиҳем, вале зиндагӣ метавонад ба назари мо бори ниҳоят вазнин намояд. Пас, наход ин дар ҳақиқат он чизест, ки Худо барои мо омода кардааст? Ӯ - Атокунандаи Осойиш аст. Вақте мо худро аз кори зиёд бемадор мекунем, оё мо дар қалби худ осойишро эҳсос менамоем? Албатта, не!

Агар мо аз хастагӣ аз пой меафтем, шояд, ин аз он сабаб рух медиҳад, ки мо чизеро фаромӯш мекунем, ки Худо дар хотир нигоҳ доштани онро аз мо толиб аст. Биёед дида мебароем, ки Ӯ дар бораи истироҳат чӣ гуфтааст. 

Дар «таваққуф» бояд гузошт.

Худо Бахшоянда ва Меҳрубон аст. Ӯ медонист, ки ба одамон вақт лозим аст, то неруи ҷисмонӣ, зеҳнӣ ва руҳонӣ гиранд, чунон ки ба телефон ё ноутбук неру лозим мешавад. Бинобар ин пайғамбар Мусо аҳкоми Худоро навишт:

Рӯзи шанберо дар хотир нигоҳ дор, то ки онро тақдис намоӣ. Шаш рӯз кор кун ва ҳар амалатро ба ҷо овар; вале рӯзи ҳафтум шанбеи Худованд Худои туст. Дар он ҳеҷ кор накун (Аз қисми аввали Китоби Муқаддас, аз Таврот: 20:8–10).

Ин шариати тағйирнопазири Худо ба мо дар хотир нигоҳ доштани рӯзи ҳафтумро амр мефармояд. Дар бисёр забонҳои ҷаҳон ин рӯзи ҳафтум, ки барои истироҳат муқаррар шудааст, «шанбе» номида мешавад. Барои чӣ Худо дар хотир нигоҳ доштани ин рӯзро амр фармуд? Зеро Ӯ медонад, ки шуруъ аз Одам башарият ҳамеша аз фаромӯшхотирӣ ранҷ мекашид. Мо набояд аҳкоми Худоро фаромӯш кунем, зеро танҳо он вақте ки мо Ӯро дар хотир нигоҳ медорем ва аҳкомро фаромӯш намекунем, мо метавонем дар роҳи ҳақ қадамгузор бошем.

Вале барои чӣ шанбе рӯзи махсус аст? Худо мегӯяд:

Зеро ки дар шаш рӯз Худованд осмон ва замин ва баҳр ва ҳар он чиро, ки дар онҳост, ба вуҷуд овард ва дар рӯзи ҳафтум ором гирифт; Бинобар ин Худованд рӯзи шанберо муборак хонд ва онро тақдис намуд (Хуруҷ 20:11).

Шанбе ёдрасии муҳим аст дар бораи он ки Худо Офаридгор мебошад. Баъзе одамон эътироз мекунанд, ки азбаски Худо хаста намешавад, пас ба Ӯ дар рӯзи ҳафтум истироҳат кардан лозим набуд. Вале Худованд на ба сабаби хастагӣ истироҳат кард; Ӯ кори Худро дар офариниши олам таваққуф дод, то вақти муқаддасро барои истироҳати мо ҷудо кунад.

Худо медид, ки рӯзи истироҳат ба тамоми башарият лозим аст. Ӯ рӯзи ҳафтумро шанбе номид, ки маънои «танаффус» ё «таваққуф»-ро дорад. Ба ин тариқ, рӯзи ҳафтуми ҳар ҳафта – ин рӯзи махсусест барои зер кардани тугмаи «Таваққуф.» Мо бояд дар тӯли ин рӯз аз кор истироҳат
намуда, ба корҳои неку пок машғул шавем,
то Ӯро ба ёд оварем ва Ӯро ибодат намоем.

Магар аҷиб намебуд, агар роҳбар ё муаллими шумо ба шумо бештар истироҳат карданро супориш медод? Ин маҳз ҳамон чизест, ки Худо ба мо амр фармудааст. Худоро ҳамду сано! Ӯ дар ҳақиқат меҳрубон аст! 

Риояи рӯзи муқаддаси Худо

Шанбе – ин рӯзи умумии муқаддас барои ҳар сокини рӯйи замин аст. Онро пайравони якхудоӣ, онҳое, ки ба Худо-Офаридгори ягонаю ҳақиқӣ хеле пеш аз пайдо шудани яҳудиён, масеҳиён, мусулмонҳо, буддоиҳо ё пайравони ҳиндуия имон доштанд, риоя мекарданд. Дар асл, шанбе ба тамоми башарият ҳангоми офариниши олам дода шуда буд. Одам ва Ҳавво шанберо риоя мекарданд ва Худо ҳаргиз ба мо иҷозати фаромӯш намудани он чизеро, ки Ӯ дар хотир нигоҳ доштанашро ба мо амр фармуд, надодааст.

Мутаассифона, бисёр вақт шанберо фаромӯш мекунанд. Пайғамбарон дар аҳди қадим яҳудиёнро огоҳ мекарданд, ки Худо онҳоро ба марг гирифтор месозад, агар онҳо шанберо фаромӯш кунанд. Онҳо ба огоҳӣ эътино накарданд, аз ин рӯ Ерусалим хароб карда шуд ва оилаҳои онҳо ба асорат бурда шуданд. Масеҳиён низ шанберо фаромӯш карда, бар хилофи аҳкоми Худо рӯзи муқаддаси худро ба рӯзи якшанбе иваз намуданд. Мусулмонҳо рӯзи ҷумъа ибодат мекунанд, вале фаромӯш карданд, ки мо бояд дар рӯзи ҳафтум ҳам истироҳат кунем, то дар итоаткории комил ба Офаридгор зиндагӣ намоем. 

Пас барои чӣ ба назар чунин мерасад, ки тамоми ҷаҳон ин рӯзи муҳимро фаромӯш кардааст? Вале шояд, сабаби ваҳшатзотари ин фаромӯшхотирии ин қадар васеъ паҳнгардида вуҷуд дорад?

Исои Масеҳ моро аз пайдошавии неруи умумиҷаҳоние, ки шайтон онро барои аз Офаридгори мо нигоҳ доштани ақли мо истифода мебарад, огоҳ карда буд. Миллионҳо одам шанбеи бардурӯғро ба сифати рӯзи парастиши Худо қабул намуда, фиреб мехӯранд. Агар ба шайтон муяссар гардад, то моро ба фаромӯш кардани рӯзи ҳафтум маҷбур намояд, вай умед мебандад, ки мо Худи Офаридгорро ҳам фаромӯш мекунем. Вале мо бо риояи кардани Шанбеи ҳақиқӣ садоқатро ба Офаридгори худ нишон медиҳем ва ҳадияи истироҳат, осойиш ва оромиро ба даст меорем.

Чӣ тавр мо ба осойиши Худо роҳ ёбем?

Пайғамбар Мусо навишта буд, ки «Худо рӯзи ҳафтумро баракат дод» (Ҳастӣ 2:3). Шояд, шумо имрӯз хастагӣ ва бемадориро эҳсос мекунед? Шанбе баракатҳои худро ба мо ато менамояд! 

Мита Дюран, копирайтер аз Индонезия, аз хастагии аз ҳаз зиёд мурд — вале дар қимати ӯ шарик шудан барои шумо ҳатмӣ нест. Худо шуморо ба ҳар ҳафта аз заҳматҳои худ истироҳат кардан ва баракатҳои шанберо дар худ эҳсос намудан даъват мекунад. 

Агар шумо мехоҳед дар бораи он ки чӣ гуна Худо ба мо осойишу оромӣ мебахшад ва моро шифо медиҳад, маълумоти бештар пайдо кунед, тавассути воситаҳои алоқа, ки дар тарафи чапи буклет нишон дода шудаанд, бо мо тамос бигиред.

Copyright © Маводи мазкур бо мақсадҳои ғайритиҷорати бе иҷозат метавонад нашр ва паҳн шавад.
Оятҳо аз тарҷумаи нашри Институти тарҷумаи Китоби Муқаддас, Стокголм 1999 оварда шудаанд.

Ба варақаи иттилоотии мо обуна шавед

Аз пайдошавии маводи нави нашршуда аввалин шуда огоҳ шавед!

newsletter-cover