Иштиёқи марҳамат

Иштиёқи марҳамат

Хулоса

Марҳамати Худо чӣ маънӣ дорад? Оё Худо мегӯяд: «Ман туро меомурзам», ё Ӯ қурбониеро пешниҳод мекунад, ки ҳамаи гуноҳҳои нангини мо ба шарофати он пок карда мешаванд? Ин китобча ҳикояи ба воқеияти маҳаллӣ мувофиқшудаеро дарбар мегирад, ки барои дарк намудани зарурати қурбонии ҷойгузин ва аҳаммияти он таъйин гардидааст. Хонандагон бо дарк намудани он, ки гуноҳҳои онҳо метавонанд омурзида шаванду эҳсоси айб нест гардад, умед пайдо мекунанд.

Навъ

Tract

Ношир

Sharing Hope Publications

Дастрас аст дар

43 Забонҳо

Саҳифаҳо

6

Зеркашӣ кардан

Фотима худро дар иди Қурбон танҳо эҳсос мекард, он қадар танҳо, ки ба назар чунин мерасид, ки ин ҳолатро пушти сар намудан яқинан аз тавонӣ ӯ берун аст. Охир дар ин на нафари дигар, балки худаш айбдор буд, ин рост аст? 

Фотима ба хотир овард, ки чӣ гуна бо хашму ғазаб бо падараш дар бораи никоҳ бо Аҳмад баҳс мекард. Он замон ӯ ҷавон буд ва ба вай сахт дил баста буд. Чӣ тавр падари ӯ тавонист не бигӯяд? Вақте ӯ гурехт, то ба Аҳмад ба шавҳар барояд, падараш гуфт, ки акнун дари хонаи волидайн барои ӯ ҳамеша баста аст.

Он замон ба назараш чунин мерасид, ки ба туфайли муҳаббаташ ба Аҳмад тавони таҳаммул намудани ҳама гуна шармандагиро дорад. Вале дере нагузашта ӯро лозим омад иқрор шавад, ки падараш ҳақ буд. Маълум шуд, ки Аҳмад на он мардест, ки ӯ дӯсташ доштааст. Вай ӯро гузошта, зани дигар гирифт.

Фотима аз рафтори худ шарм мекард. Ба назараш чунин менамуд, ки ҷазои ба сараш омада одилона аст. Ва барои ӯ замони барои хатоҳояш ҷазо дидан фаро расидааст. Ӯ хуб дарк мекард, ки адолат чӣ тавр амал мекунад. Вале қалбаш иштиёқманди раҳму тараҳҳум буд!

Аз ҳама Меҳрубон ва Раҳмдил

Агар мо худро фиреб намедодем, он гоҳ ҳамаамон хатоҳои худро иқрор мешудем, он чизро иқрор мешудем, ки бар хилофи садои ҳикмат рафтор намудем. Мо одамонро меранҷондем. Нафаре моро низ меранҷонд. Мо дар миёни одамоне зиндагӣ мекунем, ки ба хато роҳ медиҳанд. Ва чӣ гуна мушкил аст барои мо нафари дигареро ва инчунин худамонро ҳам бахшидан. 

Оё ба даст овардани омурзиш хатоҳои мо мумкин аст?

Ба хотир биёред, ки чанд маротиба ин суханони одиро ба забон овардаед «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим» — «Ба номи Худои Бахшоянда ва Меҳрубон.» Вале меҳрубонӣ чӣ вижагӣ дорад?

Эҳтимол, ҳама гап дар он аст, ки ҷомеаи мо — ва қалби худи мо — ин қадар сахт ба он ниёз доранд.

Меҳрубонӣ: беҳтарин роҳ аст

Чанд сол қабл марде бо номи Абдурраҳмон бо ҳамсояи худ Карим ҷанг кард ва ӯро ба қатл расонд. Барои ҳарду оила дар ин деҳаи хурдакаки Миср гӯё ҳаёт аз ҷӯш бозистод. Оилаи Карим ташнаи интиқом буду оилаи Абдурраҳмон аз ҷазо тарс дошта, кӯшиш мекард ӯро муҳофизат намояд. Абдурpаҳмон хост ба ин вазъияти беилоҷ хотима гузорад. Ӯ аз пирони деҳа маслиҳат пурсид ва онҳо ба ӯ маросими пӯшидани кафанро тавсия доданд.

Абдуpраҳмон кафани сафеди худро овард ва ба болои он корд гузошт. Ӯ дар пеши назари тамоми мардуми деҳа ба майдони бозор омад, ки ӯро аллакай он ҷо оилаи Карим интизор буд. Абдуpраҳмон назди Ҳабиб, бародари марди кушташуда ба зону зад ва кафан ва кордро ба вай пешниҳод кард. Ӯ меҳрубонӣ илтиҷо мекард ва ташнаи мусолиҳа буд.

Ҳабиб кордро ба гулуи Абдуpраҳмон гузошт. Дар айни замон пирони деҳа гусфанд оварданд ва Ҳабиб бояд қарор қабул мекард: меҳрубонӣ нишон диҳад ё қасос бигирад. Корд бар гурлуи Абдурраҳмон равшану фасеҳ шаҳодат медод: «Акнун ту дар ихтиёри ман қарор дорӣ. Ва ҳозир ҳама инро мебинанд; ҳама медонанд, ки ман ҳам ҳуқуқи туро ба қатл расонидан ва ҳам имконияти ба ҷо овардани инро дорам. Вале ман меҳрубонӣ ва мусолиҳаро интихоб мекунам. Ман ба ин қасоси хунӣ хотима мегузорам.»

У аз Абдул-рахмон ру оварда, ба чои он гусфандонро забх кард. Вақте сели дард, ғазаб ва адолат бар сари ҳайвон фурӯ рехта шуд, Ҳабиб Абдурраҳмонро ба оғӯш гирифт. Сулҳ миёни ду оила барқарор карда шуд. 

Агар одамон ба пайдо намудани воситаи чӣ тавр тавъам кардани адолат бо меҳрубонӣ қодиранд, пас Худо ҳам, бешак, ба айни ҳамон қодир аст!

Исо Масеҳ аст: Марҳамат аз Худост

Мо дар куҷо метавонем дар бораи марҳамати Худо бидонем? Ҳамааш хеле одӣ аст. Шумо, шояд шунида бошед, ки Исои Масеҳро «Марҳамат» аз Худо меноманд. Ин маънои онро дорад, ки Ӯ комилан таҷассуми марҳамат аст. Роҳи Ӯ - таълимоти Ӯ дар Инҷил - ин роҳи омурзиш ва мусолиҳа аст.

Исои Масеҳ метавонад ин нақши олиро иҷро намояд, зеро Ӯ ягона шахсест аз фиристодагони Худо, ки комилан бегуноҳ аст. Ҳар пайғамбар ва фиристодаи муқаддас барои хатоҳои худ ба омурзиш ниёз дошт, вале на Исои Масеҳ. Ӯ мустақим ба осмон гирифта шуд ба ҷойи он, ки Рӯзи Довариро интизор шавад, зеро Ӯ ягон хато накард, ҳатто хурдтарин хато.

Аз ин сабаб Ӯро Марҳамат аз Худо меноманд. Ӯ ба мо намунаи марҳамати комилро боқӣ гузошт ва чӣ тавр аз Худо марҳамат дарёфт намуданро таълим дод.

Чӣ тавр Исои Масеҳ метавонад ба ман мадад расонад?

Навишта шудааст, ки Яҳёи Таъмиддиҳанда дар миёни издиҳом Исои Масеҳро дид ва аз Худо илҳом ёфта, нидо кард: «Нигоҳ кунед! Инак Бараи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад» (Инҷил, 1:29) Исои Масеҳ ба барачае монанд аст, ки мусолиҳаро барои Абдурраҳмон имконпазир гардонд.

Агар шумо барои хатоҳои худ ҷазо мебинед, пас ин одилона аст. Вале Исои Масеҳ, ки комилан бегуноҳ буд, ихтиёран масъулиятро барои хатоҳои мо ба зиммаи худ гирифт. Ҳеҷ кас Ӯро ба ин амал водор накард. Ӯ маргро ихтиёран қабул кард, то талаботи адолатро қонеъ гардонад. Аз миёни ҳама одамоне, ки дар замин зиндагӣ кардаанд, Ӯ ягона одаме буд, ки дар ягон кирдор айбдор набуд, бо вуҷуди ин иҷозат дод бо ӯ тавре рафтор кунанд, ки бо бара аз ҳикояи Абдурраҳмон рафтор карданд. Маҳз аз ҳамин сабаб, баъди он ки ӯ барои мо ранҷ кашид, Худо ӯро ба осмон бурд. 

Шояд, дар зиндагии шумо низое ҷой дошта бошад. Шояд, шумо ҳам, мисли Фотима аз ҷониби касоне, ки дӯсташон медоред, рад шудаед. Шояд, нафаре шуморо ранҷонда бошад ё обрӯйи шумо ноодилона паст зада шуд. Шояд, шумо ҳам мисли Абдурраҳмон, айбдоред ва аз ҷазо метарсед.

Исои Масеҳ метавонад мадад расонад. Шумо метавонед ба Ҳаққи Таоло руҷуъ намуда, чунин арзро ба забон биёред:

Худовандо, ман ҳаргиз наметавонам барои гуноҳҳои худ фидия диҳам. Вале ман медонам, ки Ту Исои Масеҳро ҳамчун изҳори Марҳамати Худ назди мо фиристодӣ. Лутфан, маро ба хотири он некие, ки ӯ барои тамоми башарият ба ҷо овард, биомурз. Дар дарк намудани роҳи Исои Масеҳ ба ман мадад расон, то ман тавонам марҳамати Туро дар зиндагии худ аз сар гузаронам. Омин.

Агар шумо мехоҳед нусхаи Инҷилро ба даст биёред, бо мо тавассути воситаҳои алоқа, ки дар тарафи чапи буклет пешниҳод гардидаанд, тамос бигиред.

Copyright © Маводи мазкур бо мақсадҳои ғайритиҷорати бе иҷозат метавонад нашр ва паҳн шавад.
Оятҳо аз тарҷумаи нашри Институти тарҷумаи Китоби Муқаддас, Стокголм 1999 оварда шудаанд.

Ба варақаи иттилоотии мо обуна шавед

Аз пайдошавии маводи нави нашршуда аввалин шуда огоҳ шавед!

newsletter-cover