
Бидуни тарс дар назди доварӣ
Хулоса
Андешаҳо дар бораи рӯзи доварӣ дар қалби бисёр одамон тарсу изтиробро бармеангезанд. Чӣ тавр мо метавонем ба он мутмаин бошем, ки ин рӯзи ҷазо барои мо бо некӣ ба анҷом мерасад? Худо фиристодани Ҳомиро – Он Зотеро, ки барои мо дар доварӣ шафоат мекунад, мисли он ки вакили додгустарӣ дар суди заминӣ парвандаи моро баррасӣ менамояд, ваъда додааст. Дар ин китобча дар бораи ин Ҳомӣ, дар бораи он, ки Ӯ кист ва Ӯ чӣ тавр метавонад дар назди доварии наздикшаванда ба мо дар пайдо кардани боварӣ мадад расонад, нақл карда мешавад.
Навъ
Tract
Ношир
Sharing Hope Publications
Дастрас аст дар
43 Забонҳо
Саҳифаҳо
6
Боре субҳ ман аз ҳуҷраи худ дар меҳмонхона баромадам, то ба вохӯрии муҳимме биравам. Ман дер мемондам, аз ин рӯ зудтар — аз маҳдудияти муқарраршудаи суръат тезтар ҳаракат кардам. Дар нисфи роҳ то макони таъйиншуда корманди полис маро нигоҳ дошт ва амри аз ақиби ӯ ба идораи полис рафтанро дод! Ман хашмгин будам ва дар ин ҳолат худро комилан нотавон ҳис мекардам, зеро мефаҳмидам, ки дар ин ҳодиса худам айбдорам.
Баъди он ки корманди полис алайҳи ман парвандаи маъмурӣ боз кард, маро барои додани даъватнома ба бинои суди наздиктарин бурданд. Ман он ҷо дӯсти худро, ки вакили додгустарӣ буд, тасодуфан вохӯрдам. Ӯ аз дидани ман дар бинои суд ҳайрон монд. Вақте ман вазъияти худро фаҳмондам, ӯ гуфт: «Ташвиш накаш. Ман кори судии дар пеш истодаро дида мебароям.» Дилам ором шуд: Дӯсти ман акнун ҳимоятгари ман мешавад!
Азбаски дӯсти ман ба сифати вауили додгустар маро тарафдорӣ кард, судя ба ман ҷаримаи камтаринро навишт. Ман Худоро шукргӯён аз бинои суд берун омадам.
Барои мо дар ҳақиқат даҳшатангез аст дар назди довари заминӣ қарор гирифтан. Вале ҳамаи ин бо қарор гирифтан дар ҳузури Худо дар Рӯзи Мудҳиши Доварӣ ҳеқ қобили қиёс нест. Ва агар ин рӯз фардо фаро мерасид, оё шумо ба он омода мебудед?
Омодагӣ ба доварӣ
Баъзе одамонро наздикшавии доварӣ хеле кам мушавваш месозад. Онҳо машруботи спиртӣ истеъмол мекунанд, сигор мекашанд, ба қиморбозӣ машғул мешаванд, ба марказҳои дилхушӣ мераванд ва видеоҳои шубҳаангезро тамошо мекунанд. Эҳтимол онҳо медонанд, ки ҳамаи ин дар китобҳо сабт мешавад, вале онҳо ба асорати васвасаҳои шайтон афтодаанд. Ва барои онҳо фарқе надорад.
Дигаронро тарси аз ҳад зиёд фаро мегирад. Онҳо нахондани як намозро ба худ раво намебинанд. Онҳо он қадар зиёд дар бораи азобҳои қабр ё азобҳои оташи дӯзах фикр мекунанд, ки муҳаббат ва марҳамати Худоро фаромӯш месозанд.
Вале айнан мисли он ки дар суд ман вауили додгустар доштам, Худо ҳимоятгареро, ки дар доварӣ барои сафед шудан ба мо ёрӣ мерасонад, додааст. Барои шумо танҳо мондан ҳатмӣ нест!
Ҳимоятгари мо кист?
Ақидаи аз хизмати ҳимоятгарон истифода бурдан дер боз маълум аст. Ҳар сол ҳазорон зоир маконҳои муқаддасро дар Африқои Шимолӣ, Шарқи Наздик ва Осиё зиёрат мекунанд. Бисёриҳо сари қабри пешвоёни бузург дуо карда, имон доранд, ки онҳо барои илтиҷокунандагон шафоат металабанд.
Ҳеҷ чизи баде нест дар он ки мо ба ин пешвоёни бузург эҳтиром мегузорем, вале дар дуо ба онҳо муроҷиат кардан ё аз онҳо ҳимоят хоҳиш кардан - дақиқан ҳаром аст. Онҳо мурдаанд ва барои шумо ҳеҷ коре карда наметавонанд. Ҳатто пайғамбарон дар интизории Рӯзи Қиёмат дар қабрҳои худ хобидаанд.
Ҳарчанд хоҳиш аз мурдаҳо дар бораи ҳимоят ҳаром аст, худи ақидаи ҳимоятгарӣ комилан дуруст мебошад. Вале ҳимоятгарии кӣ ба Худо писанд аст? Танҳо аз они касе, ки:
Зинда аст (зеро мурдаҳо наметавонанд барои мо шафоат кунанд).
Бегуноҳ аст (зеро он ки дар назди шариат гуноҳкор аст, наметавонад аз дигарон ҳимоят кунад).
Пас кӣ метавонад ба ин талабот мувофиқат кунад? Ҳеҷ кас, ба ҷуз Исои Масеҳи маҳбуб, ки дар осмон сокин ва дар покии Худ беайб аст.
Ва дар ҳақиқат, оё каси дигаре ҳаст, ки иддаои бегуноҳӣ кунад? Одам меваи мамнуъро хӯрд; Нуҳ шароб нӯшида маст шуд; Иброҳим дурӯғ гуфт; Мусо одам кушт; Довуд зани дигареро дуздид. Шумо ягон пайғамбареро пайдо намекунед, ки боре хатое накарда бошад ё боре ба ӯ бахшиш пурсидан лозим наомада бошад.
Вале Исои Масеҳ боре ҳам гуноҳ накард. Ӯ Худ гуфтааст: «Фиристандаи Ман бо Ман аст; Падар Маро танҳо нагузоштааст, зеро ки Ман ҳамеша аъмоли писандидаи Ӯро ба ҷо меоварам» (Инҷили Юҳанно 8:29).
Рӯзи довариро оромона истиқбол гирифтан
Исои Масеҳ имрӯз дар осмон сокин аст. Ӯ дар покии Худ комилан беайб аст. Ӯ барои ҳимояи ману шумо тайёр аст. Ва Ӯ хеле зуд барои бо Худ гирифтани мо бармегардад.
Ва агар Ӯ бори дуюм ба замин меояд, ин маънои онро дорад, ки Исои Масеҳ охирин пайғамбар аст. Дар баробари ин Ӯ на пайғамбар — Ӯ Ҳомӣ, Устод ва Осойиши мо дар Рӯзи ҷазо аст. Ӯ ба мо гуфтааст: «Шуморо бовар мекунонам... агар касе каломи Маро риоя кунад, то абад маргро нахоҳад дид» (Юҳанно 8:51).
Исо намурдааст, Ӯ зинда аст! Ва Ӯ аллакай имрӯз ҷамоати одамони Худро таъсис медиҳад. Баъзан Ӯ дар хоб либоси сафед дар тан ба одамон зоҳир гардида ё барои мо муъҷиза офарида, вақте мо ба исми Ӯ ба Худо дуо мегӯем, нафарони содиқро ба ҷамоати Худ даъват мекунад.
Оё шумо мехоҳед дар Рӯзи Доварии Мудҳиш осойиш пайдо кунед? Имони худро ба Исои Масеҳ эътироф кунед. Барои чӣ мо ба касоне эътимод намоем, ки худашон мурдаанд, касоне ки намедонанд дар Рӯзи Доварии Мудҳиш нисбати онҳо чӣ гуна ҳукм бароварда мешавад? Исо ба ҷойи Худ дар осмон мутмаин аст. Ӯ ба мисли вакили дӯсти ман дар толори доварӣ ба мо мадад мерасонад.
Шояд, ба шумо мушкил аст бовар кардан ба он чи ки чизи ба ин монанде метавонад дар амал ҳақиқат бошад. Исои Масеҳ гуфтааст: «Агар чизе ба исми Ман биталабед, Ман онро ба ҷо хоҳам овард» (Инҷил, Юҳанно 14:14). Худатон санҷида бинед, оё ҳама он чизе ки ман ба шумо мегӯям, ҳақиқат аст. Агар Исо ба қадри кофӣ тавоност, то худи ҳозир дар ҳал кардани мушкилиҳои зиндагӣ ёри расонад, пас, бешак, ба Ӯ чун ба ҳимоятгари мо эътимод кардан мумкин аст. Аз самими қалб ба исми Исо ба Худо дуо бигӯед ва бубинед, ки чӣ рух медиҳад. Шумо метавонед ин тавр дуо гӯед:
Худовандо, ман мехоҳам бидонам, ки оё Исо дар ҳақиқат Он касе ҳаст, ки Ту Ӯро дар доварӣ ҳимоятгари мо таъйин кардаӣ. Агар ин дар ҳақиқат ҳамин тавр бошад, лутфан, дуои маро мустаҷоб гардон (эҳтиёҷи худро ин ҷо нишон диҳед). Ба исми Исои Масеҳ дар ин бора илтиҷо мекунам. Омин.
Агар шумо мехоҳед дар бораи чӣ тавр ба Исои Масеҳ пайравӣ кардан маълумоти бештар пайдо кунед, тавассути воситаҳои алоқа, ки дар тарафи чапи буклет нишон дода шудаанд, бо мо дар тамос шавед.
Copyright © Маводи мазкур бо мақсадҳои ғайритиҷорати бе иҷозат метавонад нашр ва паҳн шавад.Оятҳо аз тарҷумаи нашри Институти тарҷумаи Китоби Муқаддас, Стокголм 1999 оварда шудаанд.
Ба варақаи иттилоотии мо обуна шавед
Аз пайдошавии маводи нави нашршуда аввалин шуда огоҳ шавед!

Аудиторияи худро пайдо кунед
Маводи нашршудаи мунтахаб
© 2023 Sharing Hope Publications