
Чӣ тавр xудро аз ҷинҳо эмин нигоҳ дорем
Хулоса
Руҳҳои шарир, бешубҳа, неруи муайянро соҳибанд. Вале онҳо ба ҳадди Исои Масеҳ неруманд нестанд. Ин китобча дар бораи он нақл мекунад, ки чӣ тавр Исо ҷинҳоро аз одамони азобдида меронд ва ба одамон дар шифо ёфтан ёрӣ мерасонд. Ӯ имрӯз айни ҳамонро метавонад барои мо низ анҷом диҳад. Китоби Ӯ ба мо ҳама чизеро, ки мо бояд бидонем, то аз таъсир ва хашми иблисона озод шавем, таълим медиҳад. Он инчунин ба мо таълим медиҳад, чӣ гуна ба фиреби неруҳои шайтонӣ, ки пеш аз ба Замин баргаштани Исо худро Масеҳ вонамуд мекунанд, дода нашавем.
Навъ
Tract
Ношир
Sharing Hope Publications
Дастрас аст дар
43 Забонҳо
Саҳифаҳо
6
Ҷинҳо дар ҳама ҷо вуҷуд доранд. Дар баробари ин, ба ҳар тарзе ки мо онҳоро ном нагирем, рӯҳҳо, девҳо, шабаҳ ё ҷин, онҳо дар ҳақиқат даҳшат меангезанд. Шаманҳо, азоимхонҳо ва ҳама гуна тимсолу тумор харидори зиёд доранд, вале оё онҳо воқеан метавонанд моро ҳимоя намоянд?
Ман мехоҳам ба шумо дар бораи се иқдоме, ки дар эмин мондан аз ҷинҳо ва дигар аз онҳо тарс надоштан ёрӣ мерасонанд, нақл кунам.
Ҳимоя аз ҷинҳо
Шахси комилан урён мисли девона фарёд мезад. Ӯ ҷини зиёд дошт ва ҳеҷ кас наметавонист ба вай ёрӣ расонад. Сокинони деҳа кӯшиш мекарданд ӯро занҷирбанд намоянд, вале ӯ бо қувваи фавқулинсонӣ онҳоро пора-пора месохт ва гурехта, дар қабристон танҳо зиндагӣ мекард. Ӯ рӯзи дароз мегирист ва худро бо санг зада захмдор мекард.
То замоне ки шахсе бо номи Исои Масеҳ пайдо шуд.
Ин мард ба ҳадде дар ихтиёри ҷинҳо қарор дошт, ки вақте мехост даҳони худро барои ёрӣ пурсидан кушояд, ҷинҳо сӯйи Исои Масеҳ фарёд заданд, то Ӯ онҳоро ором гузорад. Вале Исо нарафт. Ӯ медонист, ки ин ҷо чӣ рух дода истодааст. Ӯ бидуни тарс ба ҷинҳо амри аз ин мард берун шуданро дод.
«Моро ба ҳовия нафирист!» — илтиҷо карданд ҷинҳо. Ҷинҳо Ӯро илтиҷо карданд, то онҳоро ба галаи хукҳо, ки дар наздикӣ мечарид, фиристад. Исо ба ҷинҳо амри аз ин мард берун шудан ва ба даруни ҳайвоноти нопок даромаданро амр фармуд. Ақли солими он мард дарҳол ба ӯ баргашту тамоми галаи хукҳо аз баландӣ ба кӯл ҷаст.
Ниҳоят, ин мард озод шуд. Ва акнун қалби ӯ лабрези шукру сипос буд. Вале ин воқеаи ягона набуд. Масеҳ бар ҷинҳо қудрати бузург дошт. Ва Ӯ дар ҳар куҷое ки ҳузур медошт, одамонро аз ҷинҳо озод мекард. Ӯ инчунин ба пайравони Худ аз болои шайтон қудрат бахшид.
Инак, Ман ба шумо қудрат медиҳам... тамоми қуввати душманро поймол кунед ва ҳеҷ чиз ба шумо зарар нахоҳад расонд; aммо аз он шод нашавед, ки ҷинҳо ба шумо итоат мекунанд; балки аз он шод бошед, ки номҳои шумо дар осмон навишта шудааст (Инҷили Луқо 10:19–20).
Вақте мо ба Исои Масеҳ пайравӣ мекунем, мо амниятро дар ҳаёти замини ва итминонро ба ҳаёти оянда ба даст меорем! Биёед се иқдоми аз ҷинҳо озод шуданро баррасӣ мекунем.
Иқдоми 1: Неруеро, ки дар исми Исои Масеҳ ниҳон аст, бипазиред.
Иқдоми якум ба исми Исои Масеҳ ҷустуҷӯ намудани ҳимояи Худо мебошад. Mо худ нотавонем. Вале вақте исми Исои Масеҳ дар зиндагии мо ҳукмрон мегардад ҷинҳо нотавон мемонанд! Исо дар бораи пайравони Худ гуфтааст: «Ба исми Ман ҷинҳоро берун хоҳанд кард» (Инҷили Марқус 16:17).
Агар шумо аз самими қалб имон дошта бошед, ки Исои Масеҳ шуморо озод мекунад, Ӯ ин корро анҷом медиҳад! Ин хоҳишро ба Худо баён кунед: «Худовандо, лутфан, ба исми Исои Масеҳ, ки Ту фиристодаӣ, маро аз ҷинҳо раҳо кун!»
Иқдоми 2: Кӯшиш кунед зоҳирану ботинан пок бошед
Исои Масеҳ таълим медод, ки мо набояд ба иблис имкони баҳонае бидиҳем. Ӯ гуфтааст: «Мири ин ҷаҳон меояд ва дар Ман вай чизе надорад» (Инҷили Юҳанно 14:30). Мо инчунин ҳаёти худро бояд аз ҳама гуна таъсироти бад тоза кунем.
Ин чи маъно дорад, ки иблис «дар мо чизе надорад»? Ин маънои онро дорад, ки дар қалби мо, дар хонаи мо чизе нест, ки ба иблис тааллуқ дошта бошад. Мо бояд тӯморҳо ва тилисмҳоро, ки ба хурофот алоқаманданд, аз худ дур кунем. Мо бояд аз бадахлоқиҳои пургуноҳ, ба монанди порнография, маводи мухаддир ва машруботи спиртӣ худдорӣ намоем. Агар мо ба маросимҳои муошират бо мурдаҳо ё азоимхонӣ даст мезанем, мо бояд фавран чунин амалҳоро қатъ кунем. Ба ин тариқ мо атрофи худро аз таъсири шайтон тоза месозем. Ва баъд мо бояд ба Худо дуо бигӯем, то Ӯ моро биомурзад ва ботини моро пок намояд.
Иқдоми 3: Зиндагии худро аз нур пур кунед
Баъди он ки Исои Масеҳ шуморо аз қудрати ҷинҳо раҳо месозад, Ӯро даъват намоед, то дар ҳаёти шумо мақоми асосиро ишғол кунад. Қалби худро холӣ нагузоред. Исои Масеҳ гуфтааст:
Вақте рӯҳи палид аз одам берун меояд, дар ҷустуҷӯи роҳат дар ҷойҳои беоб гардиш мекунад ва намеёбад; он гоҳ мегӯяд: «Ба хонаи худ, ки аз он ҷо берун омадам, бармегардам.» Ва гашта омада, онро холӣ, ҷорӯбзада ва ороста меёбад; пас аз он рафта, ҳафт рӯҳи дигари аз худаш бадтарро ҳамроҳи худ меоварад ва дохил шуда, дар он ҷо зиндагӣ мекунад; ва анҷоми он шахс бадтар аз аввалаш мешавад (Инҷили Матто 12:43–45).
Вақте шумо аз ҷинҳо пок мешавед, зиндагии худро аз нури Китоби Муқаддас - китоби Исои Масеҳ лабрез гардонед. Исои Масеҳ чун «нур ба ҷаҳон омад, то ҳар кӣ ба [Ӯ] имон оварад, дар торикӣ намонад» (Инҷили Юҳанно 12:46). Нусхаи китоби Исоро пайдо кунед ва онро ҳар рӯз мутолиа намоед, то нури Ӯ зулмотро берун биронад.
Амнияти оянда
Мо ба охири замон ниҳоят наздик омадаем, вақте ки ҷинҳо назар ба ҳар замони дигар фаъолтаранд. Исои Масеҳ пешгӯйӣ кард, ки қабл аз бозгашти Ӯ неруҳои шайтонӣ муъҷизоти дурӯғини зиёд нишон дода, кӯшиш мекунанд имондоронро фиреб диҳанд. Ҷинҳо ба баъзе одамон чун шабаҳҳои ваҳмаангез зоҳир мегарданд; дар назди дигарон дар намуди фариштаҳо ё хешовандони фавтида ҳозир мешаванд. Худи иблис ҳатто кӯшиш менамояд худро Исои Масеҳ вонамуд кунад!
Вале мо набояд иҷозат диҳем, то фиреб дода шавем. Агар шумо ба Исои Масеҳ пайравӣ кунед, Ӯ барои бо иблис муқобилат кардан ба шумо неру ато менамояд. Дӯсти азиз, ту имрӯз бо ҳар чизе ки мубориза набарӣ, ба Исои Масеҳ иҷозат деҳ, то туро раҳо намояд!
Агар шумо мехоҳед, то нафаре аз пайравони Исои Масеҳ барои аз ҷинҳо раҳо ёфтани шумо дуо бигӯяд, тавассути воситаҳои алоқа, ки дар тарафи чапи буклет нишон дода шудаанд, бо вай тамос бигиред.
Copyright © Маводи мазкур бо мақсадҳои ғайритиҷорати бе иҷозат метавонад нашр ва паҳн шавад.Оятҳо аз тарҷумаи нашри Институти тарҷумаи Китоби Муқаддас, Стокголм 1999 оварда шудаанд.
Ба варақаи иттилоотии мо обуна шавед
Аз пайдошавии маводи нави нашршуда аввалин шуда огоҳ шавед!

Аудиторияи худро пайдо кунед
Маводи нашршудаи мунтахаб
© 2023 Sharing Hope Publications