
Даъват ба муҳоҷират!
Хулоса
Оё шумо фарорасии ҷаҳони беҳтарро интизор ҳастед? Ҷаҳоне, ки дар он амният, саодат ва осойиш ҳукмфармо бошад? Мо дар ҳақиқат талоши як чизи бузургтарро мекунем, назар ба он чизе ки ин ҷаҳон метавонад пешниҳод кунад. Ва ин аз он сабаб аст, ки мо барои биҳишт, барои муошират бо Худо ва аз ҳузури Ӯ ҳаловат бурдан офарида шуда будем. Исои Масеҳ аллакай ба он ҷо рафтааст. Ӯ роҳро медонад, охир, дар асл, Ӯ Худ роҳ аст. Ӯ гуфтааст: "Ман роҳ ҳастам". Дар ин китобча ҳақиқатҳои муҳимтарине дар бораи Исо ошкор мегарданд, ки ба мо барои ба зиндагӣ дар биҳишт омода шудан, ёрӣ мерасонанд.
Навъ
Tract
Ношир
Sharing Hope Publications
Дастрас аст дар
43 Забонҳо
Саҳифаҳо
6
Абдулмалик марди солхӯрдаи аз зиндагӣ хасташуда буд. Ӯ ки зану фарзандонашро аз даст дода буд, аз тарси ДОИШ аз Ироқ фирор кард. Акнун ӯ ҳамчун фирории расмӣ дар Урдун худаш танҳо зиндагӣ мекард.
Аммо дар дили ӯ ҳанӯз умеди заифе шуълавар буд. Амакбачааш дар Канада зиндагӣ мекард ва кумаки худро ба ӯ дар таъмин намудан бо кор пешниҳод кард. Ӯ аз ин руҳбаланд гардида, барои гирифтани раводид ҳуҷҷат супурд ва зиндагии осонтарро орзу мекард. Ниҳоят, баъди чанд соли интизорӣ ба ӯ иҷозати ба Канада ворид шудан дода шуд. Абдулмалик ваҷд буд!
Вале хушҳолии ӯ дер давом накард. Вақте ба Канада омад, ошкор намуд, ки зиндагии муҳоҷир на он қадар осон аст. Аз боиси кор дақиқае барои нишастан надошт. Хамсоягонаш баланд садо медоданд. Вижагиҳои забони англисӣ он тараф истад, ҳатто ба вижагиҳои нақлиёти ҷамъиятӣ сарфаҳм рафтан осон набуд.
Абдулмалик ҳамеша орзуи дар ҷойи беҳтаре афтоданро мекард, вале ҳатто баъди ба ин ҷо омадан ҳам қалбаш ором нагирифта буд. Ӯ ба худ суол медод, ки оё орзуяш дар ин ҷо, дар замин амалӣ мегардад — ё ӯ бояд Биҳиштро интизор шавад!
Муҳоҷират ба биҳишт
Оё шумо боре худро мисли Абдулмалик эҳсос кардаед? Ин кӯшиши макони беҳтари зист пайдо кардан дар ботини ҳар инсон хеле амиқ ҷой гирифтааст ва онро танҳо замоне қонеъ гардонидан мумкин аст, ки мо ба Биҳишт, ба хонаи ҳақиқии худ ворид мешавем. Ва ин кӯшиш ба зудӣ амалӣ мегардад! Аломатҳои Соати доварӣ пеши чашмони мо иҷро мегарданд ва анҷоми ин ҷаҳон босуръат фаро расида истодааст.
Дар тӯли асрҳо дар китобҳои динии яҳудиён, масеҳиён ва мусулмонон фарорасии апокалипсис — ҳамон лаҳзаи авҷи аъло, вақте ки мо аз ин ҷаҳон ба ҷаҳони оянда «муҳоҷират» мекунем, пешгӯйӣ мешуд. Ҳарсе дин ба тимсоли Масеҳ, ки Ӯ дар марҳилаи ниҳоии ин воқеаҳои охирин нақши калидӣ мебозад, ишора мекунанд.
Аҷиб аст, ки ин тимсоли Масеҳ дар масеҳият ва ислом — ҳеҷ каси дигаре нест, ҷуз Исои Масеҳ, инчунин машҳур бо исми Исо ибни Масеҳ. Ӯ вақте дар Фаластин зиндагӣ мекард, Масеҳ буд, вале 2000 соли охирро дар Биҳишт гузаронд. Охируламр Ӯ дар Рӯзи Доварии охирин ба замин бармегардад.
Бозгашти Исои Масеҳ зуд-зуд дар Китоби Муқаддас зикр мешавад, вале мусулмонҳо ҳам бовар доранд, ки Ӯ боз меояд, зеро дар Қуръон навишта шудааст: «Ва бешубҳа фаромадани Исо алайҳиссаллом пеш аз рӯзи қиёмат нишонаи фаро расидани қиёмат аст. Пас дар воқеъ шудани қиёмат ҳаргиз шак макунед ва пайравии ман кунед! Ин аст роҳи рост ба сӯи ҷаннат» (Сураи Зухруф 43:61).
Исои Масеҳ ба монанди корманди хадамоти муҳоҷират, ки доир ба гирифтани раводид дастурҳои махсус медиҳад, ба Нишонаи Ӯ таваҷҷуҳ намуданро ба мо пешниҳод мекунад, то мо Роҳи Ростро ба Биҳишт дарк намоем.
Мувофиқи суханони Исо, Биҳишт ба чӣ монанд аст?
Суханони Исои Масеҳ дар Инҷил навишта шудаанд: «Меравам, то барои шумо ҷой тайёр кунам. Ва ҳангоме ки биравам ва барои шумо ҷой тайёр кунам, боз омада, шуморо бо Худ мебарам, то дар он ҷое, ки Ман ҳастам, шумо низ бошед» (Инҷил, Юҳанно, 14:2,3). Исои Масеҳ мегӯяд, ки Ӯ метавонад моро ба Биҳишт барад!
Ӯ инчунин бо андаке кушодани парда вижагиҳои ин макони зеборо тасвир намуд. Ӯ гуфтааст, ки
Он ҷо марг, гиря, фиғон ва дард дигар нахоҳад буд (Ваҳй, 21:4).
Мо соҳиби хонаҳои зебо мешавем (Юҳанно, 14:2).
Ҳам мардону ҳам занон шаъну эътибор ва ҳуқуқҳои баробар хоҳанд дошт (Ғалотиён, 3:28).
Ин макон пур аз нур, порсоӣ ва хушбахтӣ аст (Ваҳй, 21:21–25).
Дар ҳақиқат, ин ҳамон маконест, ки қалбҳои мо дар орзуяш ҳастанд.
Исои Масеҳ барои чӣ бояд маротибаи дуюм биёяд?
Вале охир Худо аллакай пайғамбарон ва мубашширони муқаддаси зиёдро фиристод. Чаро маҳз Исои Масеҳ барои такроран ба замин омадан баргузида шуд? Ба ин суол бо ёрии ҳамон тасвир дар бораи муҳоҷират ҷавоб додан осон аст. Азбаски гирифтани раводид кори осон нест, бисёр одамон барои худ вакилеро, ки бо муҳоҷирон сару кор дораду ҳама роҳҳои ҳалли масъаларо медонад, киро мекунанд. Агар мо чунин роҳбалад дошта бошем, мо метавонем умед кунем, ки ӯ ба мо ёрӣ мерасонад.
Ба монанди ин Исои Масеҳ ягона Касе ҳаст, ки маротибаи дуюм меояд, зеро роҳро ба биҳишт медонад ва метавонад моро ба он ҷо барад. Ӯ ба мо гуфтааст: «Ман роҳ, ростӣ ва ҳаёт ҳастам» (Юҳанно, 14:6).
Ҳар пайғамбар ва мубашшир, ки Худо фиристодааст, хатое карда буд ва бояд омурзиш мепурсид. Вале танҳо на Исои Масеҳ. Ӯ дар тӯли 33 соли зиндагии Худ дар замин бегуноҳ буд. Ана барои чӣ Ӯ фавран ба Биҳишт гирифта шуд.
Мо бояд аз Исои Масеҳ, ягона Касе ки бегуноҳ буд, чӣ тавр ба талаботҳои Биҳишт мувофиқат карданро таълим бигирем. Танҳо бо ин тариқ мо метавонем комилан мутмаин бошем, ки ба он ҷо роҳ меёбем. Хушбахтона, мо метавонем аз рӯйи китоби Ӯ - Китоби Муқаддас таълим бигирем.
Тайёрӣ ба бозгашти Исои Масеҳ
Магар ин олӣ нест, ки мо метавонем мутмаин бошем, ки ба макони беҳтарин роҳ хоҳем ёфт? Ба мо дар Биҳишт шаҳрванди Малакути пурҷалоли Худо гардиданро пешниҳод мекунанд! Исои Масеҳ ба зудӣ меояд, то ҳамаи моро ба ин макони зебо бирасонад.
Оё мумкин аст, ки шумо имрӯз ба одамоне пайрави мекунем, ки онҳо худ намедонанд дар Рӯзи доварӣ бо онҳо чӣ мешавад? Бо Исои Масеҳ шумо ба ҳеҷ чиз шубҳа нахоҳед кард. Аз Худо илтиҷо кунед, то шуморо бо роҳи рости Исои Масеҳ ҳидоят намояд. Шумо метавонед ба Ҳаққи Таоло руҷуъ намуда, чунин арзро ба забон биёред:
Худовандо, қалби ман муштоқи макони беҳтар аст. Лутфан, ман ва наздикони маро аз мушкилиҳои ин ҷаҳон раҳо намо. Ман имон дорам, ки вақт кам мондааст. Лутфан, дастурамали Худро ба ман ато намо, то ман тавонам ба маконе, ки Ту барои ман омода кардаӣ, ворид шавам. Омин.
Агар шумо мехоҳед нусхаи ҳақиқии Инҷилро ба даст биёред, бо мо тавассути воситаҳои алоқа, ки дар тарафи чапи буклет нишон дода шудаанд, тамос бигиред.
Тарчумаи маънохои Куръон ба точики аз тарафи Хавча Миров Хавча.Copyright © Маводи мазкур бо мақсадҳои ғайритиҷорати бе иҷозат метавонад нашр ва паҳн шавад.Оятҳо аз тарҷумаи нашри Институти тарҷумаи Китоби Муқаддас, Стокголм 1999 оварда шудаанд.
Ба варақаи иттилоотии мо обуна шавед
Аз пайдошавии маводи нави нашршуда аввалин шуда огоҳ шавед!

Аудиторияи худро пайдо кунед
Маводи нашршудаи мунтахаб
© 2023 Sharing Hope Publications